Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Ноябрь 14, 2026 09:42

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди Тоҷикистони муосир» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ин санаи муҳим дар тақвими сиёсиву ҷамъиятии мамлакат ҷойгоҳи хосса дошта, ифодагари эҳтиром ба ниҳоди президентӣ, давлатдории миллӣ ва хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба мушкилоти ниҳоят мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ ва парокандагии ҷомеа ба вуҷуд омада буд.

Дар чунин шароити ҳассоси таърихӣ Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ташаккули низоми нави давлатдорӣ замина гузошт. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он давра оғози марҳилаи нави таърихи сиёсиву давлатдории мамлакат гардид.

Инчунин доир ба нақши Пешвои миллат дар раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, бунёди ниҳодҳои давлатӣ, ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Изҳор гардид, ки маҳз сиёсати созандаву дурбинона, иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии мамлакат барои расидан ба сулҳу суботи комил, барқарор намудани эътимоди ҷомеа ва муттаҳид сохтани мардуми мамлакат дар атрофи идеяи давлатдории миллӣ заминаи устувор гузошт.

Гуфта шуд, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда, барои рушди устувори кишвар имконияти нав фароҳам овардааст.

Таъкид шуд, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкории созандаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон барои таҳкими эътимод, густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

АКС:  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 14, 2026 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ