Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҳокими шаҳри Остона Қосимбек Женис, Вазири кишоварзӣ Айдарбек Сапаров ва Вазири саноат ва нақлиёти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерсайин Нагаспаев вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Қосимбек Женис доир ба баргузор намудани ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон, воридоти меваю полезиҳо ва сабзавоти тару тоза, ташкили корхонаҳои муштарак барои коркарди ниҳоии нахи пахта, ҳамкорӣ барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин ҷонибҳо масъалаи таъсиси якҷояи марказҳои агрологистикӣ дар ҳудуди вилояти Суғд, истифода аз имконияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ байни соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳои вилояти Суғд ва Қазоқистон ба маблағи умумии беш аз 900 миллион доллар санадҳои нави ҳамкорӣ оид ба доду гирифти мол ба имзо расонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






