Байни Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи тандурустӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Ноябрь 20, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Душанбе маросими имзои Ёддошти тафоҳуми панҷсолаи дуҷониба оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд,  Ёддошти тафоҳум бо маблағи умумии 78 миллион доллар ба имзо расид.

Ин ҳуҷҷат имконияти муҳим фароҳам меорад, то хизматрасониҳои тандурустӣ беҳтар гардида, иқтидори мамлакат дар самти пешгирӣ, ошкорсозии саривақтӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатӣ тақвият меёбад.

Таъкид шуд, ки ҳамкории мамлакат бо дигар давлатҳо ба ҳифзи саломатӣ ва некӯаҳволии мардум мусоидат намуда, дар таҳкими амнияти тандурустӣ дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.

Зимни баимзорасонии Ёддошти тафоҳум имконияти густариши ҳамкории ташкилот ва ширкатҳои амрикоӣ бо соҳаи тандурустии Тоҷикистон баррасӣ гардид.  Гуфта шуд, ки навовариҳо ва шарикии онҳо метавонанд ба таҳкими хизматрасониҳои тиббӣ ва  рушди иқтидори миллӣ мусоидат намоянд.

 

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 20, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон