Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид

Ноябрь 9, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими ба имзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев 20 санад, аз ҷумла байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2027-2028 Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар доираи ин санад ҳамкории тиҷоратӣ, растанипарварӣ, чорводорӣ, байторӣ ва соҳаи илм густариш меёбад. Ин санади ҳамкорӣ ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ дар бозорҳои ду мамлакат мусоидат менамояд. Инчунин ҷонибҳо дар доираи ин ҳуҷҷат мониторинги вазъи эпизоотикиро доир менамоянд.

Дар назар аст, ки бо амалишавии ин санад ҳамкории олимони соҳаи кишоварзӣ барои беҳтар намудани сифати зотӣ ва маҳсулнокии чорво низ амалӣ гардад. Ҷонибҳо дар доираи ин ҳуҷҷат мубодилаи таҷрибаи амалиро дар соҳаи тухмипарварӣ ва озмоиши навъҳо низ доир менамоянд.

Дар доираи ин ҳуҷҷат мутахассисони кишоварзии ду давлат бо мақсади омӯзиши таҷриба дар соҳаҳои парвариши зироати ғалладонагӣ, боғпарварӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ ва дигар самтҳо табодули таҷриба менамоянд. Ҷонибҳо нақша доранд, ки дар доираи ҳамкорӣ мутахассисонро оид ба вирусология, микробиология, генетика, селексия, тухмипарварӣ ва моҳипарварӣ омода намоянд.

Ҳамчунин оид ба соҳаҳои зироатпарварӣ, чорводорӣ, назорати байторӣ ва фитосанитарӣ, санҷиши навъҳои тухмӣ, моҳидорӣ, пешбурди технологияҳои пешқадам, омодасозии кадрҳо ва табодули иттилоот конфронсҳои муштарак ва семинарҳои омӯзишӣ баргузор менамоянд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад