Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид

Ноябрь 9, 2026 13:54

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баимзорасии санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа байни Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, баимзорасии ин санад барои густариши ҳамкории байниидоравӣ, тақвияти табодули иттилоот ва таҷриба, инчунин омӯзиши равишҳои муосири ташкили низоми таъминоти нафақа заминаи мусоид фароҳам меорад.

Таъкид шуд, ки дар шароити рушди технологияҳои рақамӣ ва зарурати такмили низомҳои ҳифзи иҷтимоӣ ҳамкории иттилоотии мақомоти масъули ду давлат аҳамияти хос дорад. Амалишавии ин санад имкон медиҳад, ки таҷрибаи мавҷудаи тарафҳо дар самти идоракунии низоми нафақа, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва такмили хизматрасониҳо мавриди омӯзишу истифода қарор гирад.

Ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар ин самт ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии ду давлат мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа имконоти нав фароҳам меорад.

Санади мазкур дар доираи бастаи созишномаҳо ва ёддоштҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расида, идомаи мантиқии муносибатҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар самтҳои гуногун ба ҳисоб меравад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2026 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад