Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имконоти таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод дар меҳвари мулоқоти роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Халқии Демократии Лаос қарор гирифт.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба муаррифӣ ва пешбурди имконияти сармоягузории мутақобил, инчунин муайян намудани самтҳои ояндадори густариши ҳамкории судманди дуҷониба равона гардид.
Ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мубодилаи афкор намуда, ба масъалаҳои ҷалби сармоя, рушди тиҷорат, ҳамкории саноатӣ, инфрасохтор, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак диққати махсус зоҳир намуданд.
Ҳар ду ҷониб аҳаммияти таъсиси механизмҳои муассири ҳамкорӣ байни мақомоти дахлдори давлатӣ, табодули таҷриба ва иттилоот оид ба сиёсати сармоягузорӣ, инчунин мусоидат ба барқарор намудани робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории ду кишварро таъкид карданд.
Ҳамзамон имконияти ташкили форумҳои соҳибкорӣ, муаррифии лоиҳаҳо ва имконияти сармоягузорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои мустақими соҳибкорон (B2B) бо мақсади таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






