«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши асарҳои рассом-омӯзгори ҷавони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Наврӯз Саидов таҳти унвони «Дар чеҳрааш нури Худо дорад» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн хабар доданд, намоиши мазкур ҳамарӯза то 26 ноябри соли 2026 идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд онро ба таври ройгон тамошо намоянд.
Намоиш бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва донишкада баргузор шуда, ба инъикоси симои Пешвои миллат, нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бахшида шуда, тавассути забони рангҳо ва тасвирҳои бадеӣ паҳлуҳои гуногуни таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон бозгӯйӣ гардид.
Ҳадафи ин чорабинии фарҳангӣ муаррифии ҷаҳонбинии эҷодӣ, маҳорати касбӣ ва андешаву эҳсосоти рассоми ҷавон дар мавриди симои роҳбарияти давлат ва рӯйдодҳои муҳими ҳаёти ҷомеа мебошад.
Зимни ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузории чунин намоишгоҳро дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Президент иқдоми муҳим дар самти арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдории миллӣ ва рушди фарҳангу санъати тасвирӣ арзёбӣ кард.
Иброз гардид, ки санъати тасвирӣ яке аз воситаҳои муассири ифодаи андешаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва инъикоси рӯйдодҳои муҳими таърихию ҷамъиятӣ ба шумор рафта, рассомон дар ташаккули ҷаҳонбинии маънавию эстетикии ҷомеа саҳми назаррас доранд.
Дар намоиш доир ба аҳамияти баргузории намоиш ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи санъат дар тарбияи мутахассисони соҳибистеъдод ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки дастгирии эҷодиёти ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои муаррифии дастовардҳои онҳо ва ҷалби истеъдодҳои нав ба чорабиниҳои фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти донишкада мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ рассом-омӯзгор Наврӯз Саидов иброз дошт, ки ин намоиш натиҷаи заҳмати эҷодӣ ва талошҳои пайваста буда, барои ҳар рассоми ҷавон имкони арзишманди муаррифии маҳсули эҷод ва табодули андеша бо дӯстдорони санъат мебошад.
Дар намоишгоҳ иштирокдорон бо мазмуну муҳтавои корҳои эҷодӣ, тарзи истифодаи рангҳо, хусусияти тасвирӣ ва ҷустуҷӯҳои бадеии муаллиф шинос шуданд. Асарҳои пешниҳодшуда аз нигоҳи мавзуъ ва тарзи иҷро имконият фароҳам меоранд, ки тамошобин ба ҷаҳони эҷодии рассом ворид гардида, муносибати ӯро ба арзишҳои миллӣ, симои таърихию сиёсӣ ва воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон дарк намояд.
АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд






