Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд

Ноябрь 5, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  4 ноябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсия (6 ноябр) дар мавзуи «Конститутсия — роҳнамои фардои босаодат» конференсияи илмӣ–адабӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.

Иштирокчиён оид ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди устувори ҷомеа ибрози назар намуданд.

Иброз гардид, ки даврони сипаринамудаи соҳибистиқлолии мамлакат ба таври возеҳ собит месозад, ки роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаю дурандешонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсияи мамлакат дарҷ гардидааст, ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ мебошад. Он ба рушди бонизоми давлат ва таъмини зиндагии орому босуботи ҷомеа мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон дар байни давлатҳои пасошуравӣ яке аз аввалин давлатҳо буд, ки Конститутсияи худро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ташаккули низоми давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи мамлакат нақши муассир гузошт.

Таъкид гардид, ки омӯзиш, донистан, эҳтиром ва риоя намудани меъёрҳои Конститутсия вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «омӯхтан, донистан, эҳтиром гузоштан ва риоя намудани Конститутсия- ин санади сарнавиштсоз вазифаи ҳар шаҳрванди кишвар- аз хурд то бузург мебошад. Зеро Конститутсия пояҳои давлати моро устувор нигоҳ медорад ва роҳи моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, давлати тараққикарда ва зиндагии ободу озод ҳамвор месозад».

АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст