Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд

Ноябрь 11, 2026 13:58

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Донишгоҳи тиббии Шаҳид Зулфиқор Алӣ Бҳутто дар шаҳри Исломобод таҳти унвони «Рӯзи илми Сино» (Avicenna Science Day) нишасти илмӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Покистон Юсуф Шарифзода мақоми барҷастаи Абуалӣ ибни Синоро дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ва нақши осори илмии ин мутафаккири бузургро дар ташаккули афкори илмии башарият иброз намуд.

Таъкид  гардид, ки мероси илмӣ ва маънавии Ибни Сино, ки аз сарзамини тамаддунофари тоҷикон бархостааст, то имрӯз аҳаммияти умумибашарии худро нигоҳ дошта, барои наслҳои имрӯза ва оянда сарчашмаи илҳом ва дониш мебошад.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва яке аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ба номи ин нобиға гузошта шуда, бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шудааст.

Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб бори дигар собит месозад, ки шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст. Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмилалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд.

Ректори донишгоҳ профессор Танвир Холиқ  дар бораи ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб суханронӣ намуда, аҳаммияти омӯзиши мероси илмии ӯро барои наслҳои имрӯзаи ҷаҳон таъкид кард.

Дар доираи нишасти илмӣ навори видеоӣ дар бораи ҳаёт, фаъолияти илмӣ ва саҳми Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб намоиш дода шуд.

Чорабинии мазкур бо мақсади гиромидошти мероси илмии яке аз бузургтарин донишмандони тоҷику форс дар таърихи башарият, тарғиби арзишҳои илму дониш ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи тиб амалӣ гардид. Чунин иқдомҳо ба густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Покистон, инчунин таҳкими робитаҳои таърихию тамаддунӣ байни кишварҳои минтақа мусоидат мекунанд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Ноябрь 11, 2026 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд