Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд

Ноябрь 9, 2026 15:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Душанбе  Форуми дуюми зиддикоррупсионии Душанбе таҳти унвони «20 соли фаъолияти мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовард ва дурнамо» ва 13 ноябр Конфронси  сеюми солонаи иштирокчиёни Платформаи минтақавӣ оид ба тезонидани раванди татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги зиддикоррупсионии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, густариши ҳамкории байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Дар форум ва конфронс намояндагони Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ, мақомоти зиддикоррупсонии давлатҳои хориҷӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ штирок менамоянд.

АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 9, 2026 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад