Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон доир шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машварт маҷмуи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, тандурустӣ, муҳоҷират, сайёҳӣ ва амниятӣ баррасӣ гардиданд.
Тарафҳо аз сатҳи хуби ҳамкории ду мамлакат изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии худро барои таҳкиму густариши минбаъдаи онҳо дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ зоҳир гардид.
Тоҷикистон ва Олмон соли 2027 35-солагии истиқрори робитаҳои дипломатиро ҷашн мегиранд. Ҳамкории ҳар ду мамлакат давоми ин солҳо дар доираи якчанд абзори дуҷониба ва минтақавӣ рушд меёбад.
Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Уқёнуси Ором Йоахим Бертеле доир шуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






