Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон — Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Дар чорабинӣ иштироки Консули генерали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Консулгарии генералӣ, инчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Екатеринбург таҳсил менамоянд, иштирок намуданд
Зимни чорабинӣ аҳамияти таърихии ин рӯйдодҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол таъкид гардид.
Ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва таҳкими давлат, расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон саҳми ҳалкунанда ва таърихии Пешвои миллат дар ҳифзи ҳувияти миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули пояҳои Тоҷикистони муосири соҳибистиқлол махсус таъкид гардид.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






