Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ медиҳад.
Зимни ҳамоиш Раиси вилояти Хатлон кормандону собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро табрик намуда, иттилоъ дод, ки дар вилоят дар 9 моҳи соли 2026 ҷинояткорӣ қариб 9 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамоиш нақши арзандаи ҳомиёни ҳуқуқ дар ҳифзи қонуният, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон баланд арзёбӣ гардид. Раиси вилоят баён дошт, ки оромии маҳаллаҳо ва осудагии мардум маҳсули заҳмати шабонарӯзии ҳайати шахсии милитсия мебошад.
Ҳамзамон омори фаъолияти ин ниҳод дар 9 моҳи соли 2026 мусбат арзёбӣ гардид. Аз ҷумла, ҷиноятҳои вазнин 51 ҳолат, ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 11 ҳолат ва ҷиноятҳо аз ҷониби шахсони қаблан судшуда 106 ҳолат кам шудаанд. Раиси вилоят изҳор намуд, ки эътимоди мардум сармояи маънавии милитсия буда, он бо риояи қонун, поквиҷдонӣ ва муносибати боэҳтиром ба шаҳрвандон устувор мегардад.
Дар ҷамъомад инчунин ба масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни наврасону ҷавонон, муқовимат ба терроризму экстремизм, киберҷиноятҳо ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Зимни баррасии шароити хизмат гуфта шуд, ки дар ду соли охир биноҳои нави хизматӣ барои қисми минтақавии Кӯлоб ва шуъбаи милитсияи деҳоти Арал дар ноҳияи Восеъ ба истифода дода шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш як зумра фаъолон ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин саҳми устодону собиқадорони соҳа дар тарбияи кадрҳои ҷавон муҳим арзёбӣ гардид. Чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангии аҳли ҳунар анҷом ёфт.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд






