Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд

Ноябрь 20, 2026 16:12

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба пешгирии талафоти неруи барқ, таъмини пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои паст кардани сатҳи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ ва ҷамъоварии пурра ва саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни ҷаласа оид ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканониҳо ва пешгирии он мубодилаи афкор доир гардид.

Таъкид шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ барои истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон бояд сари вақт гузаронида шаванд.

Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати доимӣ ва таъмини иҷрои пурраи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Ноябрь 20, 2026 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд
Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд
Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст