Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ноябрь 11, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 9 то 27 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия баргузор мегардад. Дар кори он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд, дар доираи конфронс ҷаласаи 67-уми Шурои Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқа баргузор гардид. Дар он иштирокчиён масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳайатҳои маъмурияти алоқаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди минтақавии соҳаи алоқаро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон 10 ноябр дар иҷлосияи пленарии Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия Сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ дар рушди соҳа ва коҳиши тафовути рақамӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Исфандиёри Саъдулло изҳор намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия аз соли 1994 ин ҷониб таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва густариши шарикии мутақобили судманд дар соҳаи алоқа ва технологияҳои рақамӣ аҳамияти хосса медиҳад.

Сардори Хадамоти алоқа се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия, аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ ва гуногунсозии масирҳои байналмилалии алоқа, таъмини рушди одилона ва фарогири зеҳни сунъӣ, инчунин ҳифзи амнияти истифодабарандагон дар муҳити рақамиро муҳим арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин ба татбиқи ташаббуси байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушд ва истифодаи масъулиятноки зеҳни сунъӣ ва «Стратегияи рушди соҳаи алоқа то соли 2040» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия то 27 ноябр идома ёфта, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва дурнамои стратегии фаъолияти иттиҳод баррасӣ карда мешаванд. Инчунин тасдиқи нақшаҳои стратегии фаъолият ва буҷети иттиҳод барои давраи чорсолаи минбаъда — солҳои 2028–2031 ва интихоби ҳайати роҳбарияти олии он аз масъалаҳои асосии рӯзномаи конфронс мебошанд.

Дар доираи конфронс интихоботи Котиби генералӣ ва муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, директорони се бюрои соҳавии он, аъзои Шурои иттиҳод ва Кумитаи танзими радиобасомадҳо баргузор мегардад.

Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Он барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳои аъзо дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид