Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд

Ноябрь 6, 2026 13:50

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  4 ноябр дар Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Аз Истиқлолияти давлатӣ то ҷомеаи ҳуқуқбунёд: арзишҳои конститутсионӣ ва нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистон», «Саҳми занони тоҷик дар соҳаи илми пиряхшиносӣ» ва «Конститутсия – рамзи соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Дар маърузаҳо заминаҳои қабули Конститутсия, аҳамияти он дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ,  нақш ва саҳми занон дар рушди илм, иштироки онҳо дар таҳқиқоти илмӣ, аз ҷумла омӯзиши пиряхҳо ва равандҳои криосферӣ, инчунин зарурати фароҳам овардани имконияти мусоид барои ҷалби бештари занону духтарон ба фаъолияти илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид шуд, ки эҳтиром ва риояи Конститутсия, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори мамлакат вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, кормандони соҳаи илм бояд бо фаъолияти пурсамари илмӣ-таҳқиқотӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар рушди давлат саҳми арзанда гузоранд.

Иштирокдорон нақши Конститутсияро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмии мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Ноябрь 6, 2026 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид