ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фурсати муносибест, ки бори дигар ба роҳи тайкардаи кишвари соҳибистиқлоламон назар афканем. Дар ин ҷода, албатта, нақши барҷастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, таъмини сулҳу суботи пойдор, ваҳдату ҳамбастагии амиқ, рушди маҷмуии Тоҷикистон, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи ин абармарди ҷаҳони сиёсат, ки ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон нигаронида шудаанд, беш аз пеш муҷалло мегардад.
— Дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаву дурбинонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори Тоҷикистони навин гузошт шуд. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо симои нав, дастовардҳои созанда ва дурнамои умедбахш ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон бар пояи принсипҳои сулҳхоҳӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, таъмини суботи пойдор, таҳкими равобити судманд дар заминаи эҳтироми мутақобил, ҳамкории созанда ва ҳалли мусолиматомези масъалаҳо ташаккул ёфтааст. Дар ин раванд, ба хусус дар барқарорсозии сулҳу суботи комил дар мамлакат, таҳкими ваҳдати миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди давлатдории миллӣ, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқёсан бузург ва қиёснашаванда мебошад.
Ба таърихи начандон дури давлатдории навинамон назар афканем ва таҳлилҳову асарҳои таълифшударо варақ занем, баръало ҳувайдост, ки маҳз бо шарофати талошҳои пайгиронаву созандаи Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суботи комил ва ваҳдату ҳамбастагӣ ба халқи Тоҷикистон муяссар гардид. Дар он даврони мудҳиши ҷанги таҳмилӣ маҳз Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди фарзонаи миллат тавонистанд ба ҳайси Пешвои воқеӣ бо роҳнамоӣ ва ташаббусҳои дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурбинона ба роҳ мондашуда миллати тоҷикро сарҷамъ созанду давлатро аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшанд. Ин амали шоистаи Пешвои миллати мо нуфузи Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлату мардумони сулҳофар боло бурда, таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон, ки модели он маҳз ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад, дар ҷаҳон беназир арзёбӣ гардида, мавриди таҷриба қарор мегирад.
Бо ташаббуси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Қатънома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027-2036) далели возеҳи талошҳои пайгирона ва саҳми арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу субот мебошад. Тоҷикистон имрӯз таҳти сарварии оқилонаву одилонаи фарзонафарзанди миллати тоҷик, абармарди ҷаҳони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ, балки ташаббускори баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷаҳонӣ буда, ин иқдомот ба манфиати тамоми мардуми сайёра нигаронида шудаанд.
Иқдоми мазкурро метавон чун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои сулҳ, ҳамбастагӣ ва амнияти мардумони сайёра арзёбӣ намуд.
Дар воқеъ, натиҷаи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талошҳои пайгиронаашон дар роҳи таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ буд, ки Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардид. Барқарор гардидани сулҳу оромӣ заминаи мусоидро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ва дигаргуниҳои куллӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам оварда, дар давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистон ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ноил гардид.
Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи созандагиву бунёдкориро устуворона пеш гирифта, бо татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ таҳким бахшид. Имрӯз симои Тоҷикистони навин таҷассумгари таърихи пурғановат, фарҳанги куҳанбунёд ва тамаддуни волои миллати тоҷик буда, истиқлолият ҳамчун омили асосии худшиносӣ, худогоҳӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муҳим дорад.
Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 иброз гардид, давоми даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои “Стратегияи миллии рушд то соли 2030”-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд. Дар натиҷа ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфт.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт.
Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Таҳлили амиқи ҳамин нишондиҳандаҳо далели возеҳи татбиқи сиёсати оқилонаву дурбинонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми он мебошад.
Бо ташаббус, иродаи қавӣ ва талошҳои пайвастаи фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди созандагиву ободонӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дорад. Амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ, бунёди иншооти муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ, рушди инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти созандаи шаҳрвандон аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимми ин марҳилаи давлатсозӣ ба шумор мераванд.
Ҳадафи аслии тамоми саъю талоши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ, таҳкими суботу оромӣ ва бунёди ҷомеаи ободу пешрафта барои ҳар сокини мамлакат мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон танҳо мафҳумҳои сиёсӣ нестанд, балки арзишҳои муқаддасе мебошанд, ки ҳифзу таҳкими онҳо масъулияти ҳар шаҳрванд маҳсуб мешаванд.
Дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир, ки бархӯрди манфиатҳои геополитикӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳдидҳои амниятӣ ва дигар мушкилоти фаромиллӣ рӯз то рӯз хусусияти нав касб мекунанд, бо мақсади таҳкими суботи сиёсӣ ва таъмини амнияту ҳамбастагӣ беш аз пеш дар атрофи сиёсати созандаву санҷидашудаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шудан аҳаммияти бештар пайдо менамояд.
Дар воқеъ, хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик, давлат ва мардуми Тоҷикистон миқёсан бузург ва қиёснашавандаанд. Мутмаинем, ки номи нек ва хизматҳои шоиставу барҷастаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёду пойдории давлатдории навини тоҷикон ва рушди бемайлони Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳофизаи таърих ва хотири наслҳои оянда ҷовидона боқӣ мемонад.
Бегназар АБУБАКРЗОДА,
сардори шуъбаи ташкилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






