Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бунёди биноҳои иловагии се муассисаи таълимӣ ва сохтмони корхонаҳои нави истеҳсолӣ мавриди санҷиши корӣ қарор гирифт. Ин лоиҳаҳо бо мақсади тавсеаи имконияти таълимӣ барои хонандагон ва тақвияти иқтидори саноатию содиротии минтақа амалӣ мегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд итиллоъ медиҳад.
Бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва талабот ба таҳсил зиёд намудани иқтидори муассисаҳои таълимии шаҳр аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, нахуст ҷараёни сохтмони бинои иловагии Гимназияи №4 ва сипас Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки тавсеаи имконияти литсей ба рушди қобилияти зеҳнии хонандагон ва омӯзиши фанҳои дақиқ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон сохтмони бинои иловагии Гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил низ мавриди тафтиш қарор гирифт. Ба масъулину сохтмончиён дастур дода шуд, ки дар баробари таъмини сифати корҳои сохтмонӣ ба муҷаҳҳаз намудани синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурии таълимӣ диққати махсус диҳанд. Корҳои сохтмонӣ бояд бо риояи меъёрҳои муқарраршуда ва дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом расонида шаванд.
Бунёди иншооти саноатӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» низ аз наздик дида шуд. Аз ҷумла, фаъолияти бунёдкорӣ дар корхонаи коркарду бандубасти меваи хушки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фут Агро Суғд», корхонаи дорусозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Фарм» ва маркази муосири «Агрологистика» мавриди таҳлил қарор гирифт. Саноатчиёну пудратчиён супоришҳои мушаххас гирифтанд, ки барои тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва ҳарчи зудтар ба истифода супоридани корхонаҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд






