Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

Ноябрь 16, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Русия нақши таърихию тақдирсоз ва саҳми муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ таъкид кард.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  оид ба вазъи сиёсию иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳолат ва дурнамои ҳамкории  байниҳизбӣ бо Федератсияи Русия маълумот доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як зумра фаъолон Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Федератсияи Русия

Ноябрь 16, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид