Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон 17 212 гектар замини корами обӣ мавҷуд мебошад. То 10 ноябр дар 2585 гектар зироати ғалладонагӣ кишт гардидааст, ки аз ин 1447 гектарро гандум ва 138 гектарро ҷав ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамчунин дар 731 гектар сабзавот кишт карда шудааст, ки 300 гектарро пиёз, 150 гектарро сабзӣ, 75 гектарро карам ва 206 гектарро дигар намуди сабзавот ташкил медиҳад.
Дар айни замон дар ноҳия маъракаи кишти тирамоҳӣ идома дошта, аллакай дар қисмате аз заминҳои киштгардида, аз ҷумла майдонҳои гандум нашъунамои хуб ба мушоҳида мерасад.
Саҳми ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат назаррас буда, кишоварзони ноҳия бо истифодаи самараноки замин ва риояи усулҳои муосири агротехникӣ дар афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста талош менамоянд.
Имсол 5117,5 тонна маҳсулот ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Ба ин маҳсулоти содиротӣ пиёзи барвақтӣ, лаблабу ва зардолуи пешпазак дохил буда, онҳо асосан ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Русия содирот карда шудаанд.
Ба ҳолати 10 ноябр дар ноҳия 10 650 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ба 50,96 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст. Имсол пахтакорони ноҳия дар 9501 гектар чигит кишт намуданд, ки аз ин 2188 гектарро кишти зери плёнка ташкил медиҳад. Ҳоло дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҷамъоварии ҳосил идома дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид






