‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Ноябрь 15, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар шаҳри Норак марҳилаи якуми осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди  истифода қарор дода шуд,  иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин  вазорат.

Осоишгоҳ дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳурӣ, дар соҳили дарёи Вахш ҷойгир буда, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ ва муҳити табиӣ барои ташкили истироҳату солимгардонӣ имкониятҳои хуб дорад.

Изҳор гардид,  ки осоишгоҳи  мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонӣ, истироҳат ва беҳдошти саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи онҳо бунёд гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади истироҳат ва барқарор намудани  саломатии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат  Осоишгоҳи  «Садбарг» -и Вазорати корҳои дохилӣ фаъолият дорад. Ҳамасола дар ин осоишгоҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорон ва аҳли оилаи ба истироҳату  табобат фаро гирифта мешаванд.

Ҳукумати мамлакат  ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизмат, мустаҳкам кардани заминаи моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбӣ ва таъмини фаъолияти самараноки кормандон пайваста  тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  то ба имрӯз  барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ  иншооту биноҳои зиёди замонавӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид