Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон Конференсияи дуюми вазирони сохтмон дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» доир шуд, ки дар он роҳбарони соҳаи сохтмони Тоҷикистон, кишварҳои минтақа ва Чин масъалаҳои гузариш ба татбиқи амалии тавофуқоти Пекин, рушди технологияҳои рақамӣ ва таҳияи нақшаи муштараки амалҳоро барои солҳои 2027–2028 баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар Конференсияи дуюми вазирони сохтмон дар қолаби «Осиёи Марказӣ-Чин Вазири сохтмон, меъморӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Қирғизистон Нурдан Орунтаев, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода, Вазири саноат ва сохтмони Ҷумҳурии Қазоқистон Ерсайин Нагаспаев, Вазири сохтмон ва меъмории Туркманистон Абдулло Гелдиев, Дабири кулли Котиботи қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун, Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Ҳидоятов ва Вазири манзил ва сохтмони шаҳру деҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ни Хун иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Юсуфӣ изҳор дошт, ки рушди соҳаи сохтмон, баланд бардоштани сифату бехатарии сохтмон, амалӣ намудани технологияҳои муосир, истифодаи самараноки захираҳо ва ташкили муҳити бароҳати шаҳрӣ самтҳои муҳими ҳамкории касбӣ ба шумор мераванд ва барои таҳкими робитаҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Зимни баргузории чорабинӣ раванди татбиқи ташаббусҳое, ки дар натиҷаи конфронси якум соли 2025 дар шаҳри Пекин қабул гардида буданд, муаррифӣ гардид. Аҳамияти гузаштан аз тавофуқоти бадастомада ба марҳилаи татбиқи амалии онҳо тавассути амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки мушаххас таъкид карда шуд. Дар доираи мулоқот ба нақша гирифта шуд, ки раванди иҷрои тавофуқоти қаблан бадастомада мавриди таҳлил қарор гирифта, пешниҳодҳои ҷонибҳо баррасӣ ва нақшаи муштараки амалҳо барои солҳои 2027–2028 қабул карда шавад.
Дар конфронс масъалаҳои густариши ҳамкории касбӣ, аз ҷумла дар самтҳои сохтмони биноҳои ба заминларза тобовар, таъмини аҳолӣ бо манзили босифат ва дастрас, рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, ҷалби сармоягузорӣ, амалӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва омода кардани мутахассисони соҳибихтисос мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия






