Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ зоҳир гардида, ҷонибҳо аз мувофиқаи ҳосилшуда ҷиҳати бастани созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои соҳавии ду мамлакат дар ин самт истиқбол намуданд.
Таъкид гардид, ки ба имзо расидани санади мазкур метавонад барои фароҳам овардани заминаҳои нави ҳуқуқию ташкилӣ, тавсеаи робитаҳои соҳавӣ ва рушди ҳамкории амалӣ байни ду кишвар мусоидат намояд.
АКС: Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






