Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд

Ноябрь 5, 2026 19:30

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остона, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар форум роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар иштирок намуданд. Зимни суханрониҳои ифтитоҳӣ ҷонибҳо баргузории чунин ҳамоишҳои сатҳи баландро омили муҳимми таҳкими муколамаи созандаи иқтисодӣ, густариши робитаҳои мустақими соҳибкорон ва тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ намуданд.

Дар ин замина аҳаммияти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оид ба расонидани ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба то соли 2030 ба 2 миллиард доллари амрикоӣ махсус таъкид гардид.

Дар форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода оид ба имконият ва афзалияти сармоягузории кишвар, фазои мусоиди соҳибкорӣ, иқтидори истеҳсолию содиротӣ ва самтҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ сухан гуфт.

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон солҳои охир тамоюли устувори рушдро касб намуда, Ҷумҳурии Қазоқистон дар қатори шарикони пешсафи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳҳои январ–сентябри соли 2026 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ду кишвар ба 1 миллиарду 130 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 ба маблағи 230,9 миллион доллар ё 25,6 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон ҳамкории сармоягузорӣ низ тамоюли мусбати рушдро нишон дода, Ҷумҳурии Қазоқистон аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти Тоҷикистон мақоми сеюм ва аз рӯи ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ мақоми ҳаштумро ишғол менамояд.

Дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳаҷми сармоягузории Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон 97,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 35,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ҷараёни форум таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду давлат, афзоиши ҳаҷму номгӯи гардиши савдои мутақобил, густариши ҳамкории саноатӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори нақлиётиву логистикӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ равона карда шуд.

Дар фарҷоми форум байни доираҳои соҳибкории ду кишвар якчанд санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд, ки ба таҳким ва рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон дар доираи форум байни намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва сохторҳои давлатии ҳар ду кишвар мулоқоту музокироти дуҷониба дар қолаби соҳибкор бо соҳибкор -B2B ва B2G баргузор гардида, масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2026 19:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд