Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд

Ноябрь 5, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар мавриди қабули санади сарнавиштсоз ҳамчун заминаи асосии давлатдории навини тоҷикон ва сиёсати хирадмандона ва созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки боиси некуаҳволии мардум, ҳамчунин пазируфта шудани ҷойгоҳи сазовори кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардидааст, сухан гуфт.

Дар чорабинии тантанавӣ ҳамчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҷеъ ба аҳаммияти ин санади тақдирсоз андешаронӣ карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

 

 

Ноябрь 5, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид