Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид

Ноябрь 4, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла, бо мақсади амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ марҳилаи дуюми корхонаи «Баҳори Бӯстон» бо хати нави истеҳсоли саққоҳои пӯлодӣ ва зеристгоҳи барқии «Фаровон» бо иқтидори 1600 кВА расман ба истифода дода шуданд.

Хати нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳори Бӯстон», ки дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон воқеъ аст, пас аз навсозии куллӣ ба кор андохта шуд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкории зич бо сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд ёфтааст.

Хати нави истеҳсолӣ ба барориши маҳсулоти баландсифат-саққоҳои пӯлодии мавриди ниёзи соҳаи кӯҳкориву саноат нигаронида шуда, иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар ин марҳила ба 8000 тонна саққо дар як сол расонида шуд. Коргоҳ беш аз 30 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуд.

Ҳамзамон зеристгоҳи барқии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаровон» ба истифода дода шуд. Ин иншооти энергетикӣ низ дар кӯчаи Саноатчиён бунёд ёфта, ҳадафи он беҳтар намудани таъминоти барқ ва пешгирии талафоти неру мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи мазкур бо мақсади беҳтар намудани таъминоти барқ, расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат — расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва пешгирии талафоти неруи барқ бунёд гардидааст. Он минбаъд корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Анқо» ва «Ирода инвест»-ро бо неруи барқи боэътимод таъмин хоҳад кард.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Ноябрь 4, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд