Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон масоҳати умумии хонаҳои истиқоматӣ 115,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2026 дар мамлакат 1158,0 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Аз ин нишондиҳанда ба вилояти Хатлон 297,4 ҳазор метри мураббаъ (25,7 фоиз), вилояти Суғд – 427,4 ҳазор метри мураббаъ (36,9 фоиз), шаҳри Душанбе – 292,4 ҳазор метри мураббаъ (25,2 фоиз) ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 132,0 ҳазор метри мураббаъ (11,4 фоиз) рост меояд.
Рушди соҳаи сохтмон ба иқтисоди миллӣ низ таъсири мусбат расонд. Ин соҳа дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз нишондиҳандаҳои асосии пешрафти иқтисодӣ ва ободии мамлакат ба шумор меравад.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид намуданд, «дар даврони соҳибистиқлолӣ ба беш аз 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ замин ҷудо карда шуд. Яъне қариб 9 миллион шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд».
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад






