Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ байни агентиҳои давлатии иттилоотии Тоҷикистон ва Туркия имрӯз дар мулоқоти Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Зимни вохӯрӣ доир ба ташкили табодули мунтазами иттилоот, инъикоси рӯйдодҳои муҳим ва дастовардҳо, инчунин нашри маводи марбут ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистону Туркия дар расонаҳои давлатии иттилоотӣ табодули афкор карда шуд.
Директори АМИТ «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки Агентӣ дар доираи ваколат ва имконоти худ бо ҷониби Туркия, пеш аз ҳама, бо Агентии иттилоотии «Анадолу Аҷансӣ» (Anadolu Agency — АА) омодаи ҳамкорӣ мебошад.
Инчунин бо назардошти таҷрибаи ғании ҷониби Туркия дар соҳаи сайёҳӣ изҳори умед карда шуд, ки тавассути ҳамкорӣ бо расонаҳои туркӣ дар ин кишвар имконоти сайёҳии Тоҷикистон, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, табиати зебоманзар, кӯҳҳо, кӯлҳо ва мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвари мо ба таври васеъ муаррифӣ карда шаванд.
Ҳамзамон дар вохӯрӣ масъалаи ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии «Анадолу Аҷансӣ» низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки имзои ин санад метавонад барои ҳамкории мунтазам, табодули иттилоот ва густариши робитаҳои касбии рӯзноманигорони ду давлат заминаи ҳуқуқию ташкилӣ фароҳам оварда, ба таҳкими робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Туркия дар соҳаи иттилоот ва оғози марҳилаи нави ҳамкории судманд дар ин самт мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли идораи амлок ва абнияи вазорати корҳои хориҷии Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Сеул Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири маҷаллаи фарҳангии «Ал-Арабӣ»-и Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ашқобод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд






