«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи ноябр дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» ҷамъбаст мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар даври ниҳоии озмун беҳтарин навозандагон ва гурӯҳҳои созҳои зарбӣ иштирок менамоянд. Аз ҷониби ҳакамон ба маҳорати иҷро, сатҳи ҳунарӣ, техникаи навозандагӣ, интихоби асар ва саҳнаороӣ баҳо гузошта мешавад.
Баргузории озмуни «Доирабазм» барои рушди минбаъдаи санъати созҳои зарбӣ, таҳкими мактаби миллии навозандагӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва муаррифии имконияти санъати мусиқии тоҷик аҳаммияти муҳим дорад.
Озмун бо мақсади иҷрои банди 37-и «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Доира (дойра ва ё даф) — асбоби мусиқии доирашакл буда, ҳалқаҷаҳо дорад, ки барои навохтани мусиқии классикӣ ва муосир дар Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Узбекистон ва дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ истифода бурда мешавад.
Доира ё даф яке аз асбобҳои бисёр ҳам маъмули мардуми тоҷик аст, ки таърихи қадимӣ дорад. Доира сози мусиқии зарбӣ буда, таввасути ангуштон ва кафи даст навохта мешавад. Дар санъати мусиқии муосири тоҷик анъанаи гузаштаи доиразанӣ нигоҳ дошта шуда, усулҳои он рӯзафзун дар такмилёбӣ қарор доранд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон






