Фонди иқлими сабз барои рушди соҳаи тандурустии Тоҷикистон 2 миллион доллар ҷудо менамояд

Ноябрь 19, 2026 10:47

ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анқараи Туркия идома дорад, дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муколамаи сатҳи баланд оид ба масъалаҳои идоракунии хатарҳои вобаста ба пиряхҳо баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳти зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси Бонки Осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо саҳми назаррас дорад. Аз ҷумла, бо ташаббуси Тоҷикистон соли 2025  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, ҳамчунин 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар карда шудааст.

Зимни муколама имконоти татбиқи Барномаи «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки барнома бо дастгирии Бонки Осиёии рушд ва Фонди иқлими сабз таҳия гардидааст. Он бо ҳаҷми умумии 3,5 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар нуҳ кишвари минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.

Ҳадафи асосии барнома таҳкими устувории захираҳои обӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи инфрасохтори ҳаётан муҳим ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим мебошад.

Яке аз натиҷаҳои муҳими муколама ба мувофиқа расидани ҷонибҳо барои ҷудо намудани 2 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз барои татбиқи лоиҳа дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон тавассути Бонки Осиёии рушд ба ҳисоб меравад. Ин дастгирӣ ба таҳкими низоми тандурустӣ ва баланд бардоштани устувории хизматрасониҳои тиббӣ дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард.

Иштирокчиён зарурати тақвияти ҳамкории минтақавию байналмилалӣ, рушди низоми мониторинги пиряхҳо, такмили механизмҳои огоҳсозии барвақтӣ ва ҷалби сармоягузориҳои иловагиро барои татбиқи чораҳои мушаххаси мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 19, 2026 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаи «Барномаи нави саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардидааст
Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад