Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар дар нишасти 22-юми амниятии Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue 2026», ки таҳти унвони «Амнияти Ховари Миёна: манфиатҳо, ҳамгироиҳо ва ҳамоҳангсозӣ», ки дар шаҳри Маномаи Подшоҳии Баҳрайн баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишасти амниятии Муколамаи Манома доир ба таҳаввулоти сиёсию низомӣ дар минтақаи Халиҷ ва Ховари Миёна, роҳҳои ҳалли буҳронҳо дар якчанд кишвари ҷаҳон ва инчунин таъмини амнияту субот дар сатҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор баргузор шуд.
Инчунин дар доираи иштирок дар саммит муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо муовини вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Баҳрайн Шайх Абдуллоҳ ибни Алӣ Оли Халифа мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Баҳрайн ва шарикии ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин ҷонибҳо доир ба қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла таҳаввулоти вазъ дар Ховари Миёна табодули афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






