Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Ноябрь 11, 2026 08:26

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об ва Муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаи идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамо барои вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон дар мавзуи «Обҳои зеризаминӣ дар «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»» маъруза шунида шуд. Зимни он ҷойгоҳ ва аҳамияти захираҳои обҳои зеризаминӣ дар низоми идоракунии захираҳои оби ҷумҳурӣ ва ҳадафҳои стратегии соҳа баён гардиданд.

Ҳамзамон иштирокчиён доир ба вазъи захираҳои обҳои зеризаминӣ дар ҷаҳон, таҷрибаи байналмилалӣ дар самти ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо, идоракунии муштараки обҳои зеризаминӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, инчунин имконияти истифодаи неруи Офтоб барои таъмини фаъолияти иншооти обтаъминкунӣ ва истифодаи обҳои зеризаминӣ мубодилаи афкор намуданд.

Муҳимияти таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, татбиқи  таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва истифодаи самараноки имконияти мавҷуда дар самти идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ таъкид гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2026 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд