Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 0 дараҷа то 5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм ва дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида дар баъзе ҳолатҳо бориши борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борони бошиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






