Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 09:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки 562 довталаб, аз ҷумла 445 нафар духтарон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имсол дар даври якуми озмун дар маҷмуъ 368 ҳазору 291 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора 311 ҳазору 501 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 41 ҳазору 209 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва 15 ҳазору 581 нафар омӯзгорон, аспирантон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа буданд. Шумораи иштирокчиён нисбат ба соли 2025 16 ҳазору 249 нафар зиёд гардидааст.
Дар даври дуюми озмун 75 ҳазору 795 довталаб дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок карданд. Аз ин теъдод 64 ҳазору 276 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 5 ҳазору 112 нафар донишҷӯён, 770 нафар магистрантону аспирантон, 4 ҳазору 628 нафар омӯзгорон ва 1 ҳазору 9 нафар намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа буданд.
Дар даври сеюм 4 ҳазору 484 довталаб иштирок намуд. Аз ҷумла, 3 ҳазору 584 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 373 нафар донишҷӯён, 38 нафар магистрантону аспирантон, 385 нафар омӯзгорон ва 104 нафар намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа буданд. Аз шумораи умумии иштирокчиёни ин давр 3 ҳазору 625 нафарро духтарону занон ташкил доданд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мақсади рушди фарҳанги китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав баргузор гардида, ҳамасола дар он намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа иштирок менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






