Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст

Ноябрь 6, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 32 сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Бо қабули ин санади муҳим дар таърихи 6 ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон роҳи нави рушдро интихоб намуд, ки он бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ин нукта дар ҳамоише, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор» ба ифтихори 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, гуфта шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки  дар ҳамоиш ҳуқуқшиносон ва муаррихон дар мавзуъҳои «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати конститутсионӣ, нақши конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ», «Конститутсия ва фарҳанги ҳуқуқи ниёгон», «Таҳаввулоти Конститутсия дар Тоҷикистон: нигоҳи сиёсӣ-таърихӣ», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд», «Мавқеи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ» ва «Нақши конститутсия дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм» маърузаи илмӣ намуданд.

Ин санади олии ҳуқуқӣ, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид,  пойдевори устувори давлатдории миллиро гузошт. Он ҳамчунин Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъект ва давлати мустақил муаррифӣ намуда, рушди устувори ҳаёти сиёсиву ҳуқуқиро таъмин намуд.

Дар анҷом иштирокдорони ҳамоиш толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 6, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид