КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон бо мақсади таҷлили сазовори Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд, дар чорабинӣ гуфта шуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим ва сарнавиштсози таърихи давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Он ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои бунёдии таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро фароҳам овардааст.
Маҳз дар асоси меъёрҳои Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро интихоб намуда, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи пойдор ва рушди устувори мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода аҳаммияти таърихӣ ва сиёсиву ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро махсус таъкид намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи муқаддаси ҳар сокини кишвар мебошад. Таъкид гардид, ки имрӯз ҳар шаҳрвандро зарур аст бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлоли давлатӣ, волоияти қонун ва пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангиву адабӣ манзур гардида, ҳунармандон ва ҷавонони соҳибистеъдод бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва баромадҳои пурмазмун фазои идонаро боз ҳам хотирмон намуданд.
Таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бори дигар аз эҳтироми волои сокинони ноҳия ба Қонуни асосии мамлакат ва садоқати онҳо ба арзишҳои давлатдории миллӣ шаҳодат дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






