Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст

Ноябрь 5, 2026 19:10

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Вазорати корҳои хориҷӣ  бо иштироки роҳбарият ва кормандон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин таъкид намуд, ки 6 ноябри соли 1994 нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз дар марҳалаи ниҳоят ҳассоси таърихи кишвар заминаи устувори ҳуқуқии ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ, муайян намудани самтҳои асосии рушди ҷомеа ва бунёди давлати муосири Тоҷикистонро фароҳам овард.

Таъкид гардид, ки қабули Конститутсия таҷассумгари иродаи сиёсӣ ва интихоби таърихии мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар роҳи таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши муассир гузошт.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки Конститутсия Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф кардааст. Ин меъёри бунёдӣ ҳифзи ҳаёт, қадру номус, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини волоияти қонунро аз ҷумлаи вазифаҳои меҳварии давлат қарор додааст.

Дар идомаи нақши Конститутсия дар муайян намудани асосҳои конститутсионии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо, риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, баробарҳуқуқии давлатҳо, ҳалли осоиштаи мавзуъҳо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ таъкид гардид. Зикр шуд, ки ин принсипҳо роҳнамои фаъолияти мақомоти сиёсати хориҷӣ ва хизмати дипломатии кишвар буда, барои ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, таҳкими мавқеи байналмилалии Тоҷикистон ва рушди муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои ҷаҳон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.

Дар фарҷом зарурати эҳтиром ва риояи Конститутсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат ҳамчун вазифаи муҳимми ҳар як хизматчии давлатӣ таъкид карда шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 5, 2026 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст