«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – сароғози низоми давлатдории миллӣ» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб хабар доданд.
Иброз гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ буда, дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин доир ба таърихи қабул, аҳаммияти таърихиву сиёсии Конститутсия, марҳилаҳои ташаккули низоми давлатдории миллӣ ва зарурати эҳтирому риояи меъёрҳои он аз ҷониби ҳар шаҳрванди кишвар андешаҳои судманд баён карда шуданд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор дошт, ки эҳтиром ба Конститутсия ва арҷгузорӣ ба арзишҳои он вазифаи шаҳрвандии ҳар сокини мамлакат буда, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, махсусан ҷавонон яке аз омилҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






