КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид

Ноябрь 6, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мавқеи муҳим касб менамояд. Қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ташаккули низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард.

–Бояд таъкид намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуданд. Ин рӯйдоди таърихӣ ифодаи иродаи мардуми Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, барои ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва рушди минбаъдаи ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Инак, 32 сол мешавад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим намуда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари муайян намудани сохтори давлатдорӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва таъмини волоияти қонун шароити мусоид фароҳам овард. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни арзёбии аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз чунин иброз намуданд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».

Воқеан, қабули Конститутсия ба давраи ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихи навини Тоҷикистон рост омад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷумҳурӣ ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум таъсири манфӣ расонид. Дар чунин шароити душвор зарурати таҳияи санади олии ҳуқуқие ба миён омад, ки тавонад асосҳои давлатдории мустақилро муайян намуда, барои барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷомеа заминаи устувор гузорад.

Дар ин раванд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, аҳамияти бузурги таърихӣ дошт. Қарорҳои қабулгардида ва интихоби роҳбарияти нави мамлакат дар ин иҷлосия барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими асосҳои сиёсиву ҳуқуқии давлатдорӣ ва идомаи раванди таҳияву қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими унсурҳои ҷомеаи мутамаддин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари Конститутсияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, ки дар масири расидан ба ҷомеаи мутамаддин шарти зарурӣ мебошад. Таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ собитгари он аст, ки ҳар халқ дорои расму ойин ва урфу одати хоси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифи ҷаҳон мегардонад. Аз ҳамин лиҳоз, ниёгони тамаддунофари мо, тоҷикон ҳамеша талош менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд. Имрӯз ҳам гуфтан мумкин аст, ки дар замони муосир ин анъанаи нек идома дода шуда, меъёрҳое эҷоду қабул мешаванд, ки хоси мақсаду мароми миллати моянд.

Конститутсия ҳамчун санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати худогоҳу худшиноси тоҷик, ки дорои таъриху фарҳанги ғановатманди қадимӣ мебошад, таҳия шуда, бо назардошти шароити муосир инъикосгари ғояву арзишҳои миллии ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Қонуни асосии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Президенти мамлакат дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз ва моҷароомези рӯзҳои нахусти ташаккули давлатдории миллиамон қабул гардида, бузургтарин дастоварди даврони истиқоли ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳими сиёсӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ гардидани ҳадафҳои бузурги миллати тоҷик, яъне бунёди давлати мутамаддин, ки дар меҳвари он арҷ гузоштан ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ қарор дорад, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошт.

Муҳимтарин арзиши Конститутсия дар он ифода меёбад, ки аркони ҷомеаи мутамаддини ҷумҳуриро мушаххас намуда, ҳамчун инъикосгари азму ирода ва нияту орзуҳои неки инсонӣ равашангари роҳи пешгирифтаи ҳаёти ҷомеа мебошад. Қонуни асосӣ барои  муайян кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими бунёди давлатдории мутамаддин заминаи воқеӣ гузошта, рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуд.

Дар заминаи қабули Конститутсия дар ҷумҳурӣ ислоҳоти ҳуқуқӣ идома дода шуд. Аввалин санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои нав дар робита ба ташаккули аркони давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ ба тавсиб расида, мақоми нави ҳокимияти давлатӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд. Дар асоси талаботи муқаррароти Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии муҳиме қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо дар умум ифодаи раванди бо мароми ислоҳоти ҳуқуқӣ дар мамлакат буда, заминаи боэътимоди рушди ҷомеаро таъмин менамоянд.

Конститутсия манфиатҳои миллии мардуми Тоҷикистонро инъикос карда, аз конститутсияҳои қаблӣ, ки дар таърихи низоми идоракунии давраҳои мухталифи ҷумҳуриамон солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978 қабул гардидаанд, фарқияти куллӣ дорад. Конститутсия нахустин ҳуҷҷати сатҳи олии мамлакат мебошад, ки на аз номи халқ, балки аз ҷониби худи халқ бо дарки масъулияти баланду нигоҳи тоза эълон ва қабул гардидааст ва ин ифодаи орзую ормонҳои мардумӣ дар муқаддимаи он таҳким бахшида шудааст.

Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ давлати демокративу дунявӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардида, дар заминаи он принсипҳои демократӣ таҷассум пайдо намудаанд. Дигар принсипи давлати мутамаддину муосир, яъне арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ дар Конститутсия мустаҳкам карда шудааст. Дар Конститутсия меъёрҳое инъикоси худро пайдо намудаанд, ки ҳанӯз зиёда аз дуввуним ҳазор сол пеш дар Эъломияи Куруши Кабир (539 то мелод) дарҷ ёфта буданд. Дар Қонуни асосӣ арзишҳое, ба монанди ҳаёт, қадр номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эътироф шуда, муқаррар гардидааст, ки ҳар шахс ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, ки ин ифодакунандаи моҳияти демократии давлат буда, шароити мусоидро барои инкишофи озодонаи инсон фароҳам меорад.

Дар ин радиф, Конститутсия таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар кардааст. Дар сатҳи Қонуни асосӣ амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуда, ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бе дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёфта, ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хидмат намоянд.

Дар Қонуни асосии мамлакат ҳамчунин махсусияти низоми иқтисодӣ инъикос гардидааст, ки дар асоси ташкили шаклҳои гуногуни моликият амалӣ шудааст. Давлат дар асоси ин фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Дар шароити муосир бинобар дар сатҳи Конститутсия мустаҳкам гардидани эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, хусусан моликияти хусусӣ ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои ташаккули муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ дар асоси рақобати озод, ҷалби шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва тавассути таъсиси шахсони ҳуқуқӣ, озодона бастани шартнома ва ворид шудан ба муомилоти гражданӣ бо такя ба принсипҳои мустақилият ва баробарӣ имкон дод, ки иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба маротиб афзуда, сатҳи некӯаҳволии мардум боло равад.

Аз таҷрибаи аксар давлатҳои мутамаддин бармеояд, ки яке аз мехнизмҳои рушди ин низоми демократӣ ва дунявӣ мавҷудияти мақомоти олии қонунгузорӣ ва ё парламенти касбӣ ба шумор меравад. Мувофиқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи давлатдорӣ парламенти дупалатаи доимамалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои рушду инкишофи ҳам андешаи парламентаризми миллӣ ва ҳам амалияи демократии давлату давлатдориамон мусоидат намуд. Таъсиси парламенти дупалатаии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътмод гузошт. Имрӯз раванди қонунэҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ бо маром амалӣ мегардад. Дар заминаи Конститутсия дар ҷумҳурӣ 396 қонун, зиёда аз 25 кодекс ва 18,5 ҳазор санадҳои зериқонунӣ ҷавобгӯ ба замони муосир қабул шудаанд, ки муносибатҳои мухталифи ҷомеаро ба танзим дароварда, тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотро танзим менамоянд.

Дар заминаи Конститутсия низоми маъмурии ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, ки мутобиқи он воҳидҳои маъмуриву марзӣ, ба мисли шаҳраку деҳот кафолати мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ мебошанд. Ин низом яке аз нишондиҳандаи муҳим маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби худи аҳолии маҳал бо назардошти манфиатҳои ҷамъиятӣ, анъанаҳои миллӣ ва хусусияти маҳаллӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии дорои аҳамияти маҳаллӣ таъсис ёфта, робитаи наздики давлатро бо аҳолӣ таъмин менамоянд.

Ҳамин тавр, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои муҳими мардуми ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос намуда, дар муддати 32 сол заминаи устувори бунёди ҷомеаи мутамаддинро гузошт.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон, академик

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд