Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург (Русия) Холназар Ғоиб бо муовини Губернатори вилояти Курган оид ба сиёсати иқтисодӣ Сергей Александрович Гаврин мулоқот кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории вилояти Курган бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.
Ба масъалаҳои тавсеаи таъминоти маҳсулоти минтақавӣ ба бозори Тоҷикистон, воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Курган, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт диққати махсус дода шуд. Зимни мулоқот қадамҳои мушаххас оид ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва фаъолгардонии робитаҳо байни сохторҳои тиҷоративу маъмурии минтақа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд.
АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург








Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар самтҳои иқтисоду тиҷорат баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии ифтитоҳи бинои Сафорат дар шаҳри Берлин таҷлил гардид
Сарвазири Покистон бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд






