МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ аст
ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябр барои қаламча намудани гули садбарг ва омода кардани он барои парвариши минбаъда мавсими мувофиқ ба ҳисоб меравад. Бо риояи қоидаҳои агротехникӣ метавон дар муддати кӯтоҳ ниҳолҳои нави садбаргро парвариш намуд.
– Гулпарварон маслиҳат медиҳанд, ки барои қаламча аввал бояд ҷойи мувофиқ интихоб карда шавад. Зеро садбарг растании рӯшноидӯст буда, дар ҷойҳои офтобӣ ва шамолрас хуб месабзад. Барои парвариши қаламчаҳо метавон аз плёнкаи полиэтиленӣ истифода бурд.
Пеш аз шинонидан заминро нарм карда, ба он пору андохта, бояд ҷӯяк кашид. Қаламчаро аз навдаҳои солиму пухтарасидаи садбарг гирифта, пеш аз шинонидан коркард намудан зарур аст. Ин амал ба ҳифзи растанӣ аз бемориҳо ва ҳашароти зараррасон мусоидат мекунад.
Инчунин мутахассисон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми парвариши садбарг ба ҳолати баргҳо бояд диққат дода шавад. Зеро дар қисми поёнии баргҳо аксар вақт ҳашароти зараррасони хурди сафед пайдо мешаванд. Барои пешгирии паҳншавии онҳо баргҳоро мунтазам аз назар гузаронида, воситаҳои мувофиқи мубориза бо ҳашаротро истифода бурдан зарур аст.
Гули садбаргро на танҳо дар замини кушод, балки дар гулдонҳо низ парвариш кардан мумкин аст. Барои ин гулдони андозааш мувофиқро интихоб намуда, онро бо хоки ҳосилхез пур мекунанд. Қаламчаҳоро шинонида, вобаста ба намнокии хок мунтазам об медиҳанд. Гулдонҳоро дар ҷойи равшан ва офтобӣ гузоштан мувофиқ аст.
Ҳамчунин башаклдарории буттаи садбарг аҳамияти муҳим дорад. Навдаҳои хушк ва осебдидаро бурида, шохаҳои солимро нигоҳ доштан зарур аст. Ин амал ба ташаккули буттаи зебо ва гулкунии хуби растанӣ мусоидат мекунад.
Бояд гуфт, ки гули садбарг бо рангҳои гуногун, аз ҷумла сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ ва бунафш парвариш карда мешавад. Онро ба гурӯҳҳои гуногун ҷудо менамоянд, ки ҳар кадом хусусияти хоси сабзиш ва гулшукуфӣ дорад.
Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд. Якум- гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 метр шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфташон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 метр қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.
Парвариши гули садбарг бо усули қаламчашинонӣ яке аз роҳҳои нисбатан осони афзун намудани шумораи буттаҳои он мебошад. Риояи қоидаҳои нигоҳубин, интихоби ҷойи мувофиқ ва сари вақт обу ғизо додани растанӣ ба сабзиши хуб ва гулшукуфии он мусоидат менамояд.
Беш аз 400 намуди садбарги ёбоӣ мавҷуд аст. Худи гули садбарг 35 барг дорад ва дар тамоми ҷаҳон машҳур аст. Садбаргро асосан барои зебоӣ ва хушбӯйиаш парвариш мекунанд. Аз ҷиҳати ранг ва шакл гули садбарг хеле гуногун мешавад. Шакли баргаш мураккаб буда, пояҳояш аз хорҳои гуногун иборатанд ва он ҳатто дар зимистон низ метавонад гул кунад. Садбаргро ба воситаи пайванд намудани реша ё ба воситаи қаламча зиёд менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Кодекси экологии Тоҷикистон барои таҳкими ҳифзи муҳити зист заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад
МАВСИМИ АНОР ДАР ТОҶИКИСТОН. Маълумоти муфассал дар хусуси фоидаҳои ин мева
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили маҷмуии падидаи Пешво ва шакли давлатсозии миллӣ дар Тоҷикистони муосир
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Собиқ вакили Шурои Олӣ Адолат Раҳмонова: «Роҳи расидан ба сулҳ басо душвор, пурмонеа ва ноҳамвор буд»
НАҶОТБАХШИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБИ ТОЗА ТО РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР, ҲИФЗШУДА ВА БОЭЪТИМОД. Андешаҳо дар ин маврид






