Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
ҲИСОР, 10.11.2026 /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои мошингард»-и минтақаи Ҳисор дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026 – 2027» то имрӯз дар 10 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ва ағбаҳои Фахробод, Султонобод, Чормағзак, Шар-Шар ва Сумбулоқ ба миқдори 22 ҳазору 610 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 134 тонна ангишт, 139 метри мукааб ҳезум ва 29 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин хусус аз Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои мошингард»-и минтақаи Ҳисор ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ва муассисаҳои зертобеи он дар тавозуни худ 1783,6 км таъмиру нигоҳдории роҳҳоро ба уҳда доранд. 210,33 километри он роҳҳои байналмилалӣ, 416,14 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 1157,13 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.
Барои тоза намудани роҳҳо дар фасли зимистон дар Идораи хоҷагии роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ва муассисаҳои зертобеи он аз 63 техникаи роҳдорӣ 59 адади он дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Дар нуҳ моҳи соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор дар 16 846 метри мукааб чуқуриҳои роҳҳо таъмир шуда, 3,8 км роҳ бо мумқир пӯшонида шуд. Инчунин 7,76 км роҳҳо бо маблағи 93 ҳазору 790 сомонӣ шағалпӯш карда шуданд.
Муассисаҳои зертобеи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор давоми нуҳ моҳи соли равон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону аҳли ҷамоат 64,9 км роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллиро мумфарш намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






