«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид

Ноябрь 14, 2026 17:10

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар ноҳияи Ёвон ба муносибати барзиёд иҷро гардидани дурнамои истеҳсоли пахта дар соли 2026 таҳти унвони «Муждаи зафар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирок намуд.

Зимни чорабинӣ раиси вилоят кишоварзону пахтакорони ноҳияро ба муносибати ин дастоварди меҳнатӣ табрик гуфта, барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва иҷрои дурнамои истеҳсолӣ ба аҳли заҳмат изҳори сипос намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дурнамои солонаи истеҳсоли пахта дар ноҳияи Ёвон 23 ҳазору 900 тоннаро ташкил дода, кишоварзон бо истифодаи самараноки замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва меҳнати софдилона ин нишондиҳандаро на танҳо пурра таъмин, балки барзиёд иҷро намуданд.

Дар мавсими имсола дар ноҳия дар масоҳати 10 ҳазору 480 гектар пахта кишт гардида, аз ин 4500 гектар бо усули зери плёнка ба роҳ монда шудааст. Истифодаи ин усули агротехникӣ барои беҳтар гардидани нашъунамои ниҳолҳо, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат кардааст.

Таъкид гардид, ки таваҷҷуҳ ба рушди соҳа, бо тухмиҳои хушсифату серҳосил, техникаи зарурӣ ва оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ аз омилҳои асосии ба даст овардани чунин натиҷаҳо мебошанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири парвариши пахта барои афзоиши даромади хоҷагидорон ва рушди иқтисодиёти ноҳия аҳаммияти муҳим доранд.

Дар ноҳияи Ёвон пахтакорӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Барои қабул ва коркарди саривақтии ҳосили ҷамъоваришуда дар ноҳия 8 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият доранд. Ҳамкории мунтазами ин корхонаҳо бо хоҷагидорон ба коркарди босифати ашёи хом ва рушди саноати маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми ҷамъомад як қатор хоҷагидорону кишоварзони пешсаф барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ, иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта ва натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 14, 2026 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид