Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд

Ноябрь 13, 2026 17:35

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми 4-уми Созмони ҷаҳонии гумрук таҳти унвони «Аз байн бурдани маҳсулоти қалбакӣ дар тиҷорати электронӣ» (e-commerce) ва ҷаласаи 23-юми Гурӯҳи Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба мубориза бо маҳсулоти қалбакӣ ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ки дар  шаҳри Брюссели Подшоҳии Белгия баргузор шуд, иштирок намуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин чорабиниҳо аз 9 то 13 ноябр идома ёфтанд.

Зимни симпозиум ва ҷаласа масъалаҳои муҳими соҳаи гумрук, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассири муқовимат ба гардиши маҳсулоти қалбакӣ дар фазои тиҷорати электронӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Намояндагони Тоҷикистон ҳамзамон дар вохӯрии дуҷонибаи Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти мақомоти гумрук ва андозбандӣ иштирок намуданд. Инчунин мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия баргузор гардид.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 13, 2026 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид