Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар ҷаласаи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони СММ оид ба қабули бахши тавсияҳои гузориши Шарҳи универсалии даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода ба Шурои ҳуқуқи инсон, давлатҳои иштирокчӣ, аъзои Сегона – Ҷопон, Эстония ва Кот-д’Ивуар, инчунин Котиботи Шарҳи универсалии даврӣ барои саҳми арзанда, ҳамкории созанда ва мусоидат ба баргузории баррасии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Таъкид гардид, ки баррасии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи даври чоруми Шарҳи универсалии даврӣ, ки 5 ноябри соли 2026 баргузор гардид, барои муаррифии дастовардҳои кишвар дар самти пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубодилаи таҷриба ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи ҳамкорӣ имконияти муҳим фароҳам овард. Дар ин замина иштироки ҳайати баландпояи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳи хос ва уҳдадории устувори кишвар ба ин механизми байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар ҷараёни баррасии Тоҷикистон 95 давлат иштирок намуда, дар маҷмуъ 248 тавсия пешниҳод гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Олмон баргузор гардиданд
Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд






