Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд

Ноябрь 12, 2026 11:39

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария,   Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар доираи Конфронси ҷаҳонии сармоягузорӣ (WIC)  дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода тадбирҳои стратегии Тоҷикистонро дар самти рушди иқтисодиёти даврӣ ҳамчун ҷузъи муҳими сиёсати рушди «сабз» ва саноатикунонии кишвар муаррифӣ намуд. Сафир аҳамияти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037» ва «Стратегияи миллии рушди истеҳсоли пахта, коркарди он ва саноати нассоҷӣ барои солҳои 2024–2040»-ро дар пешбурди ин раванд махсус таъкид кард.

Дар идома сафир ҳадафҳои Тоҷикистонро барои коркарди 100 фоизи пахтаи ватанӣ, рушди занҷираҳои арзиши устувор дар соҳаи нассоҷӣ, ҷалби сармоягузориҳои байналмилалӣ ва таъсиси ҷойи нави кор таъкид намуд.

Ҳамзамон аҳамияти низоми пайгирии маҳсулот, стандартҳои байналмилалӣ ва технологияҳои «сабз» дар баланд бардоштани рақобатпазирии саноати миллӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва пешбурди иқтисодиёти даврӣ дар мамлакат муҳим арзёбӣ карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Ноябрь 12, 2026 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд