Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон маросими ба имзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид. Дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев 20 санад, аз ҷумла байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Солидкор Ресурсиз плк» (Solidcore Resources plc) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, санад бо мақсади густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи геология ва корҳои иктишофи геологӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ, инчунин ҷалби технологияҳои муосир ба раванди омӯзиши қаъри замини Тоҷикистон ба имзо расидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мутобиқи муқаррароти ин ҳуҷҷат ҷонибҳо ҳамкории мутақобили судмандро дар самти омӯзиши муштараки геологии қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода, бо истифода аз имконияти мавҷуда ва таҷрибаи байналмилалӣ конҳои ояндадори маъданҳои қиматбаҳо ва полиметаллиро ҷустуҷӯ, иктишоф ва арзёбӣ менамоянд.
Инчунин мубодилаи иттилоот, истифодаи муштараки маводи фондӣ ва бойгонии геологӣ, татбиқи таҷрибаи пешқадам ва технологияҳои муосир дар самти коркард ва тафсири маълумоти геологӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба ҳисоб мераванд.
Ин иқдом барои баланд бардоштани самаранокии корҳои геологӣ ва муайян намудани минтақаҳои дорои захираҳои эҳтимолии канданиҳои фоиданок заминаи мусоид фароҳам меорад.
Яке аз самтҳои муҳими дигари ҳамкории ҷонибҳо дар доираи ин санад омодасозӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон дар соҳаи корҳои геологию иктишофӣ, ҷустуҷӯ ва арзёбии захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок мебошад. Дар ин раванд истифодаи усулҳои муосир ва риояи стандартҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус дорад.
Ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби сармояву технологияҳои муосир ба соҳаи геологияи мамлакат маҳсуб шуда, барои истифодаи самараноки иқтидори захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти нав фароҳам меорад.
Татбиқи самараноки ин санади ҳамкорӣ метавонад ба баланд бардоштани сифати корҳои геологию иктишофӣ, такмили заминаи иттилоотии геологӣ, муайян намудани конҳои нави ояндадор, арзёбии воқеии захираҳои маъданӣ ва рушди иқтидори касбии мутахассисони соҳа мусоидат намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд






