Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати олимпии Тоҷикистонро пас аз бозгашт аз Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе самимона истиқбол гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 3 то 10 ноябр дар шаҳри Нуқуси Ҷумҳурии Узбекистон Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ бо иштироки беш аз 115 хонанда аз 17 давлати ҷаҳон баргузор гардид.
Дар ин сабқати бонуфузи илмӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро се нафар хонандагони синфи 10-уми Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе намояндагӣ намуда, бо нишон додани донишу маҳорати баланд соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд. Ин дастоварди арзандаи хонандагони муассиса Артём Батрутдинов ва Баҳодур Зиёев бори дигар собит сохт, ки хонандагони литсей дорои истеъдод ва имконияти хуби рақобат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Муваффақияти мазкур дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири рушди соҳаи маориф, дарёфт ва дастгирии хонандагони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба даст омадааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 ба рушди илм, ба хусус илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ (2020–2040) иқдоми стратегӣ буда, ҳадафи он омода намудани насли навовар, муҳандисон, технологҳо ва олимони ҷавон мебошад.
Дар доираи ин ташаббуси давлатӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика ва химия таваҷҷуҳи бештар равона гардидааст. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегарданд.
АКС: Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе











Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






