Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» идома дорад. Озмун дар тарғиби фарҳанги китобхонӣ, рушди маърифати ҷомеа ва ҷалби наврасону ҷавонон ба мутолиаи осори адабӣ нақши муҳим дорад. Ҷараёни озмун ва сатҳи омодагии довталабон, ҳамзамон андешаҳои аъзои ҳакамон, намояндагони соҳаи маориф ва китобдорон собит месозанд, ки китобхонӣ тадриҷан ба омили муҳими рушди маънавии ҷомеа табдил меёбад.
Доир ба аҳаммияти озмун, дастовардҳо ва масъалаҳои ҷалби бештари ҷомеа ба мутолиа бо чанд нафар масъулону намояндагони соҳа ҳамсуҳбат гардидем.
Бояд гуфт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст, дар рушди фарҳанги китобхонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муассир дорад. Ин иқдоми муҳим дар солҳои баргузории худ ба ҳаракати фарогири маърифатӣ табдил ёфта, таваҷҷуҳи қишрҳои гуногуни ҷомеаро ба китоб, адабиёт ва арзишҳои миллӣ бештар намудааст.
Имрӯз даври ниҳоии озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон идома дошта, довталабон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат дониш, ҷаҳонбинӣ ва сатҳи омодагии худро нишон медиҳанд. Иштироки теъдоди зиёди дӯстдорони китоб дар ин марҳила далели он аст, ки озмун дар ҷомеа ҷойгоҳи хос пайдо карда, ба бедор намудани шавқу рағбати мардум ба мутолиа мусоидат менамояд.
Сатҳи омодагии довталабон – нишонаи рушди фарҳанги мутолиа
Тавре узви ҳакамони озмун дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» Шодӣ Раҷабзод иброз намуд, сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, онҳо дар раванди иштирок дар озмун таҷрибаи бештар андӯхтаанд.
«Суҳбат бо довталабон ва шиносоӣ бо сатҳи донишашон аз он ҷиҳат ҷолиб аст, ки имрӯз байни наврасону ҷавонон, донишҷӯён ва дигар намояндагони ҷомеа нафарони зиёде ҳастанд, ки на танҳо мутолиаи фаровон доранд, балки доираи ҷаҳонбинӣ ва сатҳи фаҳмишу дарки онҳо низ васеъ гардидааст. Онҳо метавонанд мазмуну муҳтавои асарҳои хондаашонро таҳлил намуда, андешаву хулосаҳои мустақилона баён созанд», – гуфт Шодӣ Раҷабзод.
Дар ҳақиқат, арзиши чунин озмунҳо, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки иштирокчиён танҳо барои азёд кардани муҳтавои китобҳо талош намекунанд, балки ба таҳлили асар, шинохти қаҳрамонҳо, дарки идеяи асосӣ ва баёни андешаи мустақилона одат менамоянд.
Ба андешаи Шодӣ Раҷабзод, адабиёт дар ҳама давру замонҳо рисолати бузурги тарбиявию маърифатӣ дошта, яке аз воситаҳои муҳимми ташаккули шахсияти инсон мебошад. Осори адабӣ инсонро ба шинохти арзишҳои ахлоқӣ, инсондӯстӣ, ватандӯстӣ ва муносибати масъулона ба зиндагӣ ҳидоят менамояд.
Озмун – василаи ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ
Ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба мутолиа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар озмун яке аз масъалаҳои муҳимми ин раванд ба шумор меравад.
Тавре корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Амиров иброз намуд, ҷараёни озмуни имсола аз афзоиши теъдоди иштирокчиён ва китобхонҳо шаҳодат медиҳад. Барои ҳавасманд намудани довталабон, махсусан хонандагон, сарфи назар аз теъдоди китобҳои хондаашон ба онҳо имкони иштирок дар даври якуми озмун дода мешавад. Ин равиш ба ҷалби бештари хонандагон ба китобхонӣ, бедор намудани шавқу рағбати онҳо ва ташаккули масъулиятшиносӣ мусоидат менамояд.
Ҷалолиддин Амиров ҳамзамон иттилоъ дод, ки бо мақсади шаффоф гузаронидани озмун намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон иштирок намуда, бо аъзои комиссияҳои муассисаҳои таълимӣ ва ноҳиявӣ барои дар доираи талаботи Низомнома баргузор намудани озмун суҳбату нишастҳо анҷом додаанд.
Ин раванд нишон медиҳад, ки барои самаранокии озмун танҳо омодагии довталабон кофӣ нест. Ҳамоҳангии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидон ва масъулони баргузории озмун низ аҳаммияти калон дорад.
Китоби кӯдакона бояд шавқовар ва ҷолиб бошад
Яке аз масъалаҳои муҳимми тарғиби китобхонӣ дар байни насли наврас таъмини онҳо бо адабиёти мувофиқ ба синну сол ва завқу рағбаташон мебошад. Зеро муҳаббат ба китоб аз овони кӯдакӣ ташаккул ёфта, интихоби дурусти асарҳо дар ин раванд нақши ҳалкунанда дорад.
Китобдор Гадобек Маҳмудов зимни суҳбат ба фаъолияти китобхонаҳои бачагона, нашри адабиёти кӯдакона ва зарурати омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
«Вақти он расидааст, ки ноширони мо низ завқу салиқаи хонандагони хурдсолро ба инобат гирифта, мувофиқ ба он китоб таҳия намоянд. Дар ин кор бояд нашриёт бо дизайнерони хуб якҷоя фаъолият кунад. Бовар дорам, ки агар ба писараке китоберо бо шакли мошинча тақдим кунем, то дер гоҳ аз болои он сар набардошта, машғули хондани «мошинаш» мешавад», – изҳор намуд Гадобек Маҳмудов.
Ин андеша масъалаи муҳиммеро ба миён мегузорад: барои зиёд намудани шавқи кӯдакон ба мутолиа бояд шаклу муҳтавои китобҳои бачагона низ ба талаботи замон мутобиқ карда шаванд. Тарҳи ҷолиб, тасвирҳои босифат, забони равону фаҳмо ва муҳтавои тарбиявию шавқовар метавонанд кӯдаконро ба ҷаҳони китоб наздик созанд.
Дар баробари ин, рушди китобхонаҳои бачагона, ташкили маҳфилҳои хониш ва баргузории чорабиниҳои маърифатӣ барои кӯдакон низ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳимми тарғиби китобхонӣ мебошанд.
Омӯзиши фарҳанги мутолиа – зарурати ҷомеаи муосир
Китобдор Зафари Шариф масъалаи хониши кӯдакону наврасонро яке аз мушкилоти муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва педагогию равонӣ арзёбӣ намуда, ба зарурати омӯзиши амиқи вазъи китобхонии насли наврас ишора кард.
«Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки имрӯз масъулини илмию эҷодии мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд. Зеро имрӯз танҳо шиква аз «китоббезорӣ» ва «китобситезӣ»-и насли наврас барои ҷомеа нафъе надорад. Дар ин самт ташкил ва гузарондани таҳқиқоти мақсадноку доманадори иҷтимоии хониши кӯдакону наврасон ниҳоят зарур мебошад», – афзуд Зафари Шариф.
Воқеан, барои муайян намудани сабабҳои коҳиш ё афзоиши таваҷҷуҳ ба китобхонӣ бояд муносибати наврасон ба мутолиа, завқу рағбати онҳо, дастрасӣ ба адабиёти босифат ва таъсири муҳити рақамӣ мавриди омӯзиши мунтазам қарор гирад. Танҳо дар асоси чунин таҳқиқот метавон роҳҳои муассири ҷалби насли наврасро ба китобхонӣ муайян намуд.
Дар ин раванд масъулияти оила низ хеле муҳим аст. Агар падару модар дар хона ба мутолиа таваҷҷуҳ дошта бошанд ва китобхониро ба анъанаи оилавӣ табдил диҳанд, фарзандон низ ба ин фарҳанг бештар майл пайдо мекунанд. Муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ бояд ин равандро тақвият бахшанд.
Китоб – омили худшиносӣ ва рушди маънавии ҷомеа
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар баробари тарғиби мутолиа барои шиносоии насли ҷавон бо мероси адабии миллӣ ва осори арзишманди ҷаҳон низ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Мутолиаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик барои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба забони давлатӣ ва шинохти арзишҳои таърихию фарҳангӣ мусоидат мекунад. Ҳамзамон омӯзиши адабиёти ҷаҳон доираи ҷаҳонбинии хонандагонро васеъ намуда, онҳоро бо таҷрибаи фарҳангӣ ва андешаҳои инсондӯстонаи халқҳои гуногун ошно месозад.
Аз ин ҷиҳат озмунро метавон мактаби бузурги маърифат ва худшиносӣ арзёбӣ кард, зеро он дар қалби иштирокчиён муҳаббат ба дониш, китоб, забон ва фарҳангро тақвият мебахшад.
Дар маҷмуъ, андешаҳои аъзои ҳакамон, намояндагони соҳаи маориф ва китобдорон нишон медиҳанд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ташаккули муҳити китобхонӣ нақши назаррас дорад. Бо вуҷуди ин, барои пойдор гардидани натиҷаҳои он бояд китобхонӣ танҳо ба давраи баргузории озмун маҳдуд намонда, ба ҷузъи доимии зиндагии ҳар инсон табдил ёбад.
Зеро мақсади аслии озмун танҳо муайян намудани ғолибон ва қадрдонии онҳо нест. Ҳадафи муҳимтарини он тарбияи насли соҳибмаърифат, дорои тафаккури мустақил, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар ин росто тарбияи насли китобдӯст на танҳо вазифаи муассисаҳои таълимӣ ё китобхонаҳо, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА ТАШАККУЛИ НИЗОМИ НАВИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТ. Андешаҳо дар ин маврид
Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо сертификати «Беҳтарин маркази забономӯзӣ» сарфароз гардонида шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ доир шуд






