Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд

Ноябрь 10, 2026 18:42

ДУШАНБЕ, 10.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр кишоварзони ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта мужда доданд. Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ бо «Сипоснома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, пахтакорони ноҳия беш аз 18 ҳазору 500 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, ба корхонаҳои коркард супориданд. Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 9 ноябр дар вилояти Хатлон 177 ҳазору 263 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки беш аз 66 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Соли 2026 нақшаи истеҳсоли пахта барои 19 шаҳру ноҳияи пахтакори вилояти Хатлон 266 ҳазору 200 тонна пешбинӣ гардидааст. Дастоварди пахтакорони ноҳияи Дӯстӣ дар таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми ватанӣ ва рушди иқтисодиёти минтақа саҳми арзанда мегузорад.

Ба муносибати иҷрои нақшаи пахтасупорӣ ва бо мақсади қадршиносии меҳнати софдилона ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи кишоварзӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Хатлон Син Силу» маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор баргузор гардид. Ба кишоварзони пешсаф барои саҳми назаррас дар иҷрои нақшаи мавсимӣ туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Иҷрои пурраи нақша самараи заҳмати пайвастаи кишоварзон, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва ҳамкории роҳбарону мутахассисони соҳа бо хоҷагиҳои пахтакор мебошад. Бо ин натиҷа ноҳияи Дӯстӣ дар баробари шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант ва Данғара ба сафи аввалинҳое пайваст, ки нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро кардаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Ноябрь 10, 2026 18:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст